IQNA

Меъмории беназири масҷиди Бобо Султони Туркия + акс

5:47 - April 18, 2024
рақами хабар: 1381
ИКНА - Масҷиди Бобо Султони, ки дар соли 2023 мелодӣ дар шаҳри Бурсои Туркия ифтитоҳ шуд, бо меъмории мунҳасир ба фард, намозгузоронро шигифтзада мекунад.

Ба гузориши Анатоляи; Масҷиди Бобо Султони Туркия бо созаи фӯлодӣ сохта шуда, ки шакли доираӣ дорад ва барои касе, ки аз боло ба он нигоҳ мекунад ба шакли нуқтаи кӯчаке ба назар мерасад. Дар сақфи масҷид низ чароғе ба шакли ҳилол ва ситора дида мешавад. 

Қутри масҷид ба 24 метр мерасад ва намоде аз теъдоди соати шабона рӯз аст.

Тарроҳии масҷид тавассути Алӣ Ториқ Баксавӣ, муҳандиси меъморӣ анҷом шуда, ки мегӯяд мафоҳими хоссе пушти тарроҳии ин масҷид гунҷонда шуда, ки муҳиммтар аз шакли хориҷӣ ва зоҳирии масҷид аст.

Алӣ Ториқ Баксавӣ мегӯяд: масҷид ба шакли доираӣ тарроҳӣ шуда ва вақте аз боло ба он нигоҳ мекунем, ба шакли як нуқта дида мешавад ва баёнгари он аст, ки инсон як зрраи кӯчак дар ин ҳастӣ аст.

Вай афзуд: ниме аз гунбади масҷид баёнгари зиндагӣ дар дунёи фонӣ аст ва ними дигар онки дорои ранги тилоӣ аст, нишонаи зиндагии пас аз марг аст; Ин масҷид дорои 12 панҷара аст ва ҷиҳати сояи дохили масҷид бар асоси мавқеияти хуршед тағйир мекунад.

Вай дар идома тавзеҳ дод, ки фаршҳои масҷид дорои тарроҳии се буъдӣ аст ва ин эҳсосро ба намозгузорон илқо мекунад, ки ба самти суфуфи аввалияи намоз ҳаракат кунанд.

Алӣ Ториқ Баксавӣ, дар бораи минораи масҷид низ гуфт: ин масҷид дорои як минора аст, ки бар рӯи он лафзи ҷалолаи «Аллоҳ» нақш баста шуда, ки аломати ваҳдонияти Худованди Мутаол аст.

 

https://iqna.ir/fa/news/4210938

captcha