IQNA

Баёнияи гурӯҳҳои муқовимати Фаластин дар Рӯзи ҷаҳонии Қудс

15:49 - April 05, 2024
рақами хабар: 1321
Кумитаҳои муқовиматӣ дар Фаластин бо судури баёнияе Рӯзи ҷаҳонии Қудсро гиромӣ доштанд.


Ба нақл аз хабаргузории фаластинии Шаҳоб, кумитаҳои муқовиматӣ дар Фаластин бо судури баёнияе Рӯзи ҷаҳонии Қудсро гиромӣ доштанд.

Кумитаҳои муқовимати Фаластин Рӯзи Қудсро рӯзи хашми ҷаҳонӣ ва тӯфони тамоми озодагон дар уммати Ислом ва кишварҳои ҷаҳон дар маҳкумияти наслкушии дастаҷамъӣ дар Ғазза донист.

Дар ин баёния омадааст: “дар Рӯзи ҷаҳонии Қудс дар соли ҷорӣ ва дар ин лаҳзаҳои таърихӣ, ки миллати Фаластин ва уммати Ислом ва меҳвари муқовимати қаҳрамон бо он мувоҷеҳ ҳастанд, ба аҳде, ки нисбат ба Қудс ва Масҷидулақсо ва Ғаззаи қаҳрамон дорем, бори дигар паймон мебандем; чароки Ғазза бо хуни занону кӯдакон ва афроди солхурдаи худ меҳвари шарорати амрикоӣ- саҳюнистӣ, ки ҷиноятҳо ва наслкушӣ ва поксозии нажодиро бо ҳадафи аз байн бурдани ормони Фаластин думбол мекунад, ба чолиш кашидааст.

Дар идомаи ин баёния таъкид шудааст: “ҳамосаи Тӯфон Ақсо дар рӯзи ҳафтуми октябр таваҳҳумҳо ва хурофаҳои саҳюнистӣ-амрикоиро, ки душманони уммат ва намояндагони онҳо шомили оддисозони равобит бо Исроил ва афроди созишкор ба думболи тарвиҷи он дар афкори уммати Ислом ва озодагони ҷаҳон буданд, аз байн бурдааст, ин дар ҳоле аст, ки онҳо тасаввур мекарданд режими нозистии саҳюнистӣ шикастнопазир аст ва имкони шикаст додани он вуҷуд надорад.

Ин баёния дар поён таъкид мекунад, ки тамоми зарфиятҳо, имкониятҳо ва авлавиятҳо дар Рӯзи ҷаҳонии Қудс бояд ба шакле бошад, ки рӯзи хашми ҷаҳонӣ ва тӯфони тамоми озодагон дар уммати Ислом ва кишварҳои ҷаҳон дар маҳкумияти наслкушии дастаҷамъӣ дар Ғазза шакл бигирад.

https://tajikpress.com/2024/04/05/

captcha